Categories
Хабарҳо

Ваъдаи ҳалли мушкилии мусофирон

Поделиться

Раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон ба назди мусофирони дармонда дар фурудгоҳи Душанбе баромад ва ба саволҳои онҳо посух гуфт.

26 май дар назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо мусофирони ширкати ҳавоии “Северний ветер”, ки натавонистанд рӯзҳои 18, 21, 22 ва 23 май ба шаҳрҳои Россия парвоз кунанд, ҷамъ омаданд.

Ба гуфтаи онҳо, чанд рӯз аст, ки бо чиптаҳое, ки аз ширкати русии “Северний ветер” харидаанду бояд ба Россия парвоз мекарданд, наметавонанд парвоз кунанд.

Ҳамчунин онҳо таъкид карданд, ки намояндагони ширкат сабаби лағви парвозро ба иҷозат надодани агентии авиатсия рабт додаанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон, Икром Субҳонзода ба назди мусофирон ҳозир шуд ва шарҳ дод, ки чаро “Северний ветер” то ҳол иҷозати парвозро нагирифтааст.

“Мақсад аз бебаррасӣ мондани дархости баъзе ширкатҳо ба парвоз, танҳо як аст – паст кардани арзиши чипта”, – гуфт Субҳонзода.

Ҳамчунин ӯ тавзеҳ дод, ки “Северний ветер” танҳо дирӯз расман ва хаттӣ розигӣ дод, ки чиптаҳояшро на зиёдтар аз 500 доллар ба фурӯш мегузорад ва дубора дастхост кард, ки парвозҳоро агентӣ иҷозат диҳад.

“Мо кӯшиш мекунем, ки дар доираи талаботи ҷорӣ дар наздиктарин фурсат ин масъала баррасӣ шавад ва қарори дахлдор қабул гардад”, – афзуд Субҳонзода.

Икром Субҳонзода аз сокинон даъват кард, ки “ба иғво дода нашаванд”, “оромиро риоя кунанд” ва “аз пайи кори худ шаванд” ва агентӣ иловатан дар бораи барқарор шудани парвозҳои ин ширкат посух медиҳад.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com