Categories
Хабарҳо

Ваъдаи се ширкати ҳавонавардии Россия

Поделиться

Се ширкати ҳавонавардии Россия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон расман мактуб кардаанд, ки омодаанд интиқоли мусофирин ба Россияро бо ҳудуди 500 доллар анҷом диҳанд

Се ширкати ҳавонавардии Россия – “Уралские авиалинии”, “Сибир” ва “Ямал” ваъда доданд, ки чиптаҳои самти Россияро сар аз 22 май бо нархи 500 доллар ба фурӯш мебароранд.

Ширкати “Ямал” эълом доштааст, парвозҳои чартерӣ дар масири “Тюмен – Душанбе – Тюмен” – ро ҳар ҳафта як бор ба нархи 490 доллар иҷро мекунад.

“Уралские авиалинии” ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон маълум кардааст, ки қимати як чиптаи парвози чартериро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Россия ҳудуди 500 доллар муқаррар хоҳад кард.

“Сибир” низ ба Агентии фавқуззикр изҳор доштааст, ки барои анҷоми парвозҳо омода аст, қимати як чиптаро аз 500 доллар зиёд накунад.

Ду ширкати ахирӣ дақиқан ишора кардаанд, ки дар асоси дархости Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон қимати чиптаҳоро ба ин ҳад поён хоҳанд овард.

Дар асоси маводҳои sputniktj.com