Categories
Хабарҳо

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи шаҳодатномаи ҳатмии саломатии муҳоҷирон фармон омода кардааст

Поделиться

Ҳуҷҷат метавонад аз 29 декабр эътибор пайдо кунад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони хориҷӣе, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз ба Русия омадаанд, Вазорати корҳои дохилии Русия метавонад маълумотномаҳои тиббӣ дар бораи надоштани нашъамандӣ, сирояти ВНМО ва дигар бемориҳои сироятии хатарнокро талаб кунанд. Дар ин бора дар лоидаи фармони тайёркардаи Вазорати кордҳои дохилӣ, ки ТАСС дида баромадааст, гуфта мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар давоми 30 рӯз аз рӯзи ба охир расидани шаҳодатномаҳои қаблан додашудаи тасдиқкунандаи гузаштан аз муоинаи тиббӣ, ҳуҷҷатҳои тиббиро ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намоянд. Агар шаҳрванди хориҷӣ ба синни 18-солагӣ нарасидааст ё аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шуда бошад, ҳуҷҷатҳоро яке аз волидон, васӣ ё парастори ӯ пешниҳод карда метавонад.

«Ҳуҷҷатҳои тиббӣ бояд дар ҷои истиқомати шаҳрванди хориҷӣ дар рӯи коғаз бевосита ба шӯъбаи муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия ё ба корхона ё ташкилоти ваколатдор ё дар шакли ҳуҷҷати электроние, ки бо имзои электронии мукаммали тахассусӣ бо истифода аз системаи федералии давлатии иттилоотии “Портали ягонаи хадамоти давлатӣ ва коммуналӣ (функсияҳо)” дар мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия имзо шуда бошад», – қайд карда мешавад дар лоиҳаи фармон. .

Ҳуҷҷатҳо ба забони хориҷӣ бояд ба забони русӣ тарҷума ва тасдиқи нотариалӣ дощта бошанд. Ҳангоми қабул корманди Вазорати корҳои дохилӣ вазифадоран, ки мувофиқати пурраи ҳуҷҷатҳоро ба меъёрҳои муқарраршуда тафтиш кунад ва сипас дар бораи гирифтани онҳо шаҳодатнома диҳад. Ҳама маълумот дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани онҳо ба системаи иттилоотии Вазорати корҳои дохили Русия ворид карда мешавад.

Сарчашма: Pravo.ru