Categories
Хабарҳо

Вазорати корҳои дохилии Русия қонуни навро дар бораи муҳоҷират эълон кард

Поделиться

Муовини сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Кирилл Адзинов эълом дошт, ки қонуни нав дар соҳаи муҳоҷират, ки ҳоло дар Русия таҳия мешавад, метавонад аз соли 2024 эътибори қонунӣ пайдо намояд. Дар ин бораи сомона истинод ба маводи  РИА Новости иқтибос овардааст.

Вай қайд кард, ки қонун ба масъалаҳои вуруд, будубош, фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон дахл карда, боиси бекор кардани як қатор санадҳои дар ҳоли ҳозир амалкунанда мегардад.

Адзинов афзуд, ки ду намуди вуруд вуҷуд хоҳад дошт: раводид ва бидуни раводид. Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилӣ ният дорад як санади ягонаро ҷорӣ кунад, ки ҳама ҳуҷҷатҳое, ки ҳоло истифода мегардад иваз карда бошад. Интизор меравад, ки қоидаҳои расонидани кумаки тиббӣ ба муҳоҷирон дар доираи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва гирифтани раводиди тиббӣ низ мушаххас карда шавад.

Қаблан маълум шуд, ки муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бояд ҳуҷҷати ягона бо интиқолдиҳандаи электрониро гиранд, ки он дар дохили кишвар ҳамчун шиносномаи шахсият хизмат менамояд. Барои гирифтани ҳуҷҷат шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба мақомоти ҳудудии иҷроияи федералӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ ариза пешниҳод кунанд, инчунин аз санҷиши биометрӣ гузаранд.

Аз рӯйи маводи: “M.lenta.ru