Categories
Хабарҳо

Вазорати рушди иқтисод: муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд

Поделиться

Муҳоҷирон дар Федератсияи Русия маошро боло мебаранд. Дар ин бора зимни форуми «ВТБ Капитал» гуфт вазири рушди иқтисодии кишвар Максим Решетников.

«Мо мебинем, ки афзоиши бештари музди меҳнат дар бахшҳое ба мушоҳида мерасад, ки дар он ҷо муҳоҷирон бештар буданд ва мутаносибан норасоии қувваи корӣ вуҷуд дорад», – гуфт ӯ.

Қаблан камтарин маош дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмон мушоҳида мешуд. Бо вуҷуди ин, вазъият ҳоло беҳтар мешавад. Ба гуфтаи вазири иқтисод, тақрибан 15 дарсади коргарон камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат мегиранд, ки дар соли 2021 12 792 рублро ташкил додааст. Дар соли 2022 ба 13890 расондани он ба нақша гирифта шудааст.

Решетников гуфт, ки Русия ҳоло барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, аз ҷумла дар бахши давлатӣ “имконияти бузург” дорад. Дар баробари ин, дар кишвар сатҳи бекорӣ ба таври ғайримуқаррарӣ паст аст, ки каме бештар аз чор фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, раиси Вазорати рушди иқтисод ба имкони ҷалби шумори изофӣ ба фаъолияти иқтисодӣ, масалан, аз Қафқоз ишора кард. Қаблан Русия аз нақшаи даст кашидан аз кори муҳоҷир хабар дода буд. Барои амалӣ намудани ин ташаббус дар баъзе минтақаҳо, бояд музди меҳнатро боло бурда, барои коргарони ватанӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, ҷои хориҷиёнро ишғол кунанд.