Эмкуни бемории COVID-19 бо шартҳои тиҷорӣ, аз ҷумлаи сайёҳони хориҷӣ ғайриимкон аст, гуфт Алексей Кузнецов, ёвари вазири тандурустии Россия. Қайд шуд, ки ваксина пеш аз ҳама ба шаҳрвандони Россия дода мешавад ва он ройгон мебошад.
Дар Россия то ҳол ду ваксинаи зидди коронавирус-“Спутник В” аз Маркази ба номи Гамалей ва “EpiVacCorona” аз Маркази “Вектор”-и шаҳри Новосибирск, ба қайд гирифта шудааст. Қарор шудааст, ки эмкуни оммавӣ ва ихтиёрӣ мешавад.
Ба хулосае омадан мумкин, ки Россия масъалаҳои эмгузаронии хориҷиёнро (аз ҷумла муҳочирони меҳнатӣ), ки дар каламрави Федератсияи Россия қарор доранд, то ҳол пешбинӣ надорад.
Тибқи иттилои оҷонсиҳои хабари, эмкунии васеъ аз коронавирус дар Россия огоз мешавад. Оғози расмии маъракаи эмкуни 18 январ ба нақша гирифта шудааст. Рӯйхати эмкунандашавон, аллакай тасдиқ шудааст. Инҳо донишҷӯён, наваскарон, кормандони полис, табибон ва муаллимони Федератсияи Россия мебошанд.
Манбаъ: https://www.kommersant.ru/