Categories
Хабарҳо

Вилояти Волгоград муҳоҷирони меҳнатиро интизорӣ дорад

Поделиться

Дар вилояти Волгоград, рӯзи 15 март вуруд барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби набудани шумораи зарурии кормандони соҳаи кишоварзӣ дар минтақа кушода шуд. Қаблан, дар робита бо пандемияи коронавирус хизмати муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда шуда буд.

     “Як қатор равандҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҷалби иловагии коргарони мавсимӣ аз хориҷаро тақозо мекунанд, ки таҷриба, дониш ва малакаи зарурӣ дошта бошанд”, – гуфта мешавад дар санади ҳукумативилояти Волгоград.

     12 март бо фармони Кумитаи кишоварзӣ ва Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Волгоград рӯйхати корфармоён тасдиқ карда шуд, ки ҳуқуқи ҷалби коргарони хориҷиро ба даст овардаанд. Ба рӯйхати 41 номгӯй: 2 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, 6 соҳибкори инфиродӣ ва 33 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дохил карда шуданд.

     Вазорати кишоварзӣ ҳисоб кардааст, ки 38,200 муҳоҷирони меҳнатии дигар бояд барои корҳои киштукор ҷалб карда шаванд. Норасоии шадиди қувваи корӣ дар вилоятҳои Волгоград ва Астрахан қайд карда мешавад – 22 300 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ё 58,4% ҳаҷми умумии ниёз ба коргарони хориҷӣ.

Дар асоси маводҳои НовостиВолгограда.ру