Categories
Хабарҳо

“ВНЖ” ба муҳоҷироне, ки бо сабаби пандемия Россияро тарк карда натавонистанд

Поделиться

Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия боз як сабукӣ барои муҳоҷирон, ки бинобар пандемия дар вазъияти душвор дучор омаданд, пешниҳод кардааст.

     Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия Татяна Москалкова пешниҳод кард, ки бидуни иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) барои хориҷиёне, ки дар кишвар аз пандемияи коронавирус дармондаанд, иҷозатномаи истиқомат (ВНЖ) дода шавад.

     “Ман, инчунин, пешниҳод мекунам, то он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба қаламрави Россия ба таври қонунӣ ворид шудаанд, аммо ба сабаби пандемия баромада натавонанд ва дар тӯли зиёда аз як сол ба Россия омадаанд, фавран бидуни иҷозатномаи иқомати муваққатӣ иҷозатномаи истиқомат дода шавад”, – иқтибос аз суханони ӯро ТАСС овардааст.

     Татяна Москалкова таҳияи лоиҳаи қонунеро дастгирӣ кард, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад, сарфи назар аз қонуншиканиҳои мавҷуда, иқомати худро дар кишвар қонунӣ кунанд. Ин ташаббусро вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев пешниҳод кардааст.

     Асосан, ин ба вазъи он муҳоҷирон, ки ҳангоми пандемияи коронавирус натавонистанд сари вақт ҳуҷҷатҳо барои будубоши худро дар Россия барои қонунӣ кардан ҷамъоварӣ намоянд.

Дар асоси маводҳои ТАСС ва Sputnik