Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Вохӯриҳои Ширин Амонзода дар рафти сафари корӣ

Поделиться

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва мулоқот намуд.

     Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва мулоқот намуд.

     Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳантӣ, тақвияти ҳамкориҳои муштарак бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

     Боз як вохурии муҳим дар доираи сафари кории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Валентина Казакова гузаронида шуд.

     Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаҳои давлати иқомат, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, муташакилона сафарбарнамоии муҳоҷирон, ба расмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба он мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар асоси маводҳои
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон