Categories
Хабарҳо

Ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод

Поделиться

Бо ташаббуси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.

     Дар он 22 адад корхонаву ташкилот 156 ҷойи холии кор ва вазифаи озодро бо музди меҳнати аз 450 то 1200 сомонӣ пешниҳод намуданд. Ҳамагӣ 11 нафар шаҳрванди корҷӯ ва 2 нафар муҳоҷири меҳнатии баватанбаргашта ба ҷои кори доимию мавсимӣ роҳхат гирифта, 10 нафар барои омӯхтани ҳунари қаннодӣ ва кафшергари газию барқӣ номнавис шуданд.

     Зимни роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони ташрифоварда варақаҳои иттилоотӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ дастрас намуда, муҳтавои Фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020, №635 “Дар бораи муваққатан маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Федератсияи Россия” бо тағйироту иловаҳояш фаҳмонида шуд.

     Дар ин радиф бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор дар шаҳри Истаравшан чорабинии навбатии иттилоотию маърифатии муштаракро доир намуд, ки дар толори ҷамоати деҳоти Зарҳалол бо ҷалби намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷараён гирифт.

     Дар рафти чорабинии мазкур низ ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

Дар асоси маводҳои
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон