Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ЁРИИ ТИББӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

  Шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд полиси суғуртаи тиббӣ дошта бошанд. Агар Шумо полис надошта бошед, Шуморо метавонанд иҷозат надиҳанд, ки аз сарҳад гузаред, ҷарима кунанд ва ё ҳатто аз Россия хориҷ кунанд.

  Полиси тиббӣ метавонад ду намуд бошад:

  • СИТ (суғуртаи ихтиёрии тиббӣ)
  • СҲТ (суғуртаи ҳатмии тиббӣ ройгон ба расмият дароварда мешавад)

  Барои ба расмият даровардани полиси СИТ инҳо лозиманд:

  • шиноснома бо тарҷума ба забони русии ба таври нотариалӣ тасдиқшуда;
  • корти муҳоҷират;
  • бақайдгирӣ (огоҳинома дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират).

Шумо метавонед полиси СҲТ ба расмият дароред, дар сурати доштани:

  • шаҳрвандии Россия;
  • иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (ИИМ);
  • иҷозатнома барои истиқомат;
  • шаҳодатномаи пешниҳоди паноҳгоҳи муваққатӣ;
  • шаҳодатномаи гуреза.

  Барои тартиб додани полиси СҲТ, бояд нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои зеринро ба поликлиникаи маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод кунед:

  • шиноснома (аслӣ ва тарҷума ба забони русӣ ба таври нотариалӣ тасдиқшуда);
  • РССИШ (рақами суғуртавии суратҳисоби инфиродии шахсӣ, онро дар фонди нафақа ё дар марказҳои бисёрсоҳавӣ (МБС) дастрас намудан мумкин аст);
  • шартномаи меҳнатӣ;
  • корти муҳоҷират;
  • бақайдгирӣ (огоҳинома дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират).

  Ёрии таъҷилии тиббӣ

  Ёрии таъҷилии тиббӣ дар Россия, РОЙГОН дастрас мешавад. Ба муҳоҷир вазифадоранд, ки ёрии таъҷилии тиббӣ ҳатто дар сурати набудани полиси тиббӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо пешниҳод намоянд.

    Дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон, аз ҷумла дар шароити эпидемия, ёрии  таъҷилӣ бояд даъват карда шавад.

    Аз ҷумла:

  • дар ҳолати набудани нафас;
  • ҳангоми аз ҳуш рафтан;
  • ҳангоми фалокат (садама, аз баландӣ афтидан ва ғайра);
  • ҳангоми дардгирӣ, дарди шикам, ё ҳангоми мушкилот доштани занони ҳо- миладор;
  • ҳангоми ҷароҳатҳои вазнин;
  • ҳангоми заҳролудшавӣ;
  • ҳангоми дарди шадид ва доимии шикам;
  • ҳангоми таби баланд;
  • ҳангоми хунравӣ.

  Агар Шумо дар гирифтани ёрии тиббӣ мушкилот дошта бошед, Шумо бояд ба хатти доимоамалкунандаи кумитаҳо/вазоратҳои тандурустии минтақа, ё Вазорати тандурустии ФР муроҷиат кунед.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Полиси СИТ дар Россия барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ – занон ва кӯдакон зарур аст.

Мо маслиҳат медиҳем, ки пеш аз ворид шудан ба ФР, ё дар рӯзи аввали вуруд полиси СИТ харидорӣ намоед.

Полиси СИТ дар идораҳои ширкатҳои суғуртавӣ ба расмият дароварда мешавад, инчунин дар шӯъбаҳои «Почтаи Россия».

Арзиши полиси СИТ аз Шумораи хизматрасониҳои тиббӣ, ки Шумо гирифта метавонед вобаста аст. Ҳангоми хариди полис ин саволҳоро бояд фавран муайян кард.

Агар зан хоҳад, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд кӯмаки тиббии банақшагирифтаро дошта бошад, пас ӯ ҳатман ҳангоми ба расмият даровардани СИТ дар бораи ин гӯяд, зеро барномаи махсуси суғурта лозим аст.

Полиси СИТ-ро ба Шумо метавонад (вале вазифадор нест) корфармо ба расмият дарорад.

Агар бо ягон сабаб ба Шумо барои кӯмаки тиббии таъҷилӣ рад кунанд, барои шикояти минбаъда радди хаттӣ талаб кунед.

Агар ба Шумо табобати пулакии нақшавӣ лозим бошад, бо Шумо бояд шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ баста шавад, бо пешакӣ мувофиқа намудани нархи он.

Дар баъзе беморхонаҳо пеш аз пардохт кардани хароҷоти хизматрасонии тиббӣ ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро мегиранд. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ҳамчун кафолат – ғайриқонунӣ мебошад, дар бораи чунин ҳолатҳо ба прокуратура ва полис хабар диҳед.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • «Дар бораи асосҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар Федератсияи Россия» (Қонуни федералии № 323-ҚФ аз 21.11.2011);
  • «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои расонидани ёрии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия» (Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 06.03.2013 № 186).

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Телефонҳои ёрии таъҷилӣ бо телефони мобилӣ (ҳатто агар дар тавозуни телефон маблағ набошад, ва он муҳосира карда шуда бошад) Тел: 03         103         112
Барои ба даст овардани маълумот дар бораи шахсони аз тарафи «Ёрии таъҷилӣ» бурдашуда, ба идораи бақайдгирии садамаҳо:  
– дар Москва ва вилояти МоскваТел: 8(495) 688-22-52
– дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Тел: 8 (812) 573-66-66,          8 (812) 573-66-63
Агар ёрии таъҷилӣ ҳангоми даъват наояд, ё табобат кардани Шуморо рад кунад, ба рақами телефони шикоят аз болои кори ёрии таъҷилӣ занг занед:  
– дар ш. Москва Тел: 8 (495) 777-77-77,          8 (499) 251-83-00
– дар вилояти МоскваТел: 8 (495) 562-35-35
– дар ш. Санкт-ПетербургТел: 8 (812) 571-45-04
– дар вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 456-11-33
Агар Шумо дар гирифтани ёрии тиббӣ мушкилот дошта бошед, Шумо бояд ба хатти доимоамалкунандаи кумитаҳо/вазоратҳои тандурустии минтақа, ё Вазорати тандурустии ФР муроҷиат кунед:  
– «Хатти доимоамалкунанда»https://minzdrav.gov.ru/ Тел: 8 (800) 200-03-89
– Барои маълумот Тел: 8 (495) 628-44-53, 8 (495) 627-29-44
– Телефони бисёрхаттаТел: 8 (495) 627-24-00
Дар сурати мушкилот дар гирифтани ёрии тиббӣ, Шумо метавонед ба яке аз инҳо муроҷиат кунед:  
– Департаменти тандурустии ш. МоскваТел: 8 (495) 777-77-77
– Вазорати тандурустӣ вилояти МоскваТел: 8 (498) 602-03-01
– Кумитаи тандурустии ш. Санкт-Петербург Тел: 8 (812) 595-89-79,  8 (812) 571-09-06
– Кумитаи тандурустии вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 611-45-45
Қоидаҳои расонидани ёрии тиббӣ муҳоҷирон ва маълумоти тамосии муассисаҳои тиббии Санкт-Петербургhttp://migrantinfo.kmormp.gov.spb.ru/ budte-zdorovy/