Categories
Хабарҳо

Замимаи мобилӣ барои сафар ба Россия

Поделиться

Россия тартиби вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дод. Акнун аз 10 июл ҳангоми ворид шудан ба Россия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд натиҷаи ташхиси коронавирусро тариқи замимаи мобилии «Путешествую без COVID-19»  (“Сафар бидуни COVID-19”) тасдиқ кунанд.

Барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё низ талабот ҳамин аст.

Барои шаҳрвандони Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбекистон, Туркманистон ин замимаи мобилӣ танҳо аз 1 сентябр дастрас мешавад.

Роспотребнадзор таъкид кардааст, ки ташхис бояд на дертар аз 3 рӯз то сафар анҷом дода шавад.

Тоҷикистон ба ин замима аз мобайнҳои июн пайваст шуд. Мутахассисон мегӯянд, истифодааш осон аст. Нахуст кишвареро, ки ба он сафар мекунед, интихоб менамоед. Барнома номгӯи ташхисгоҳҳоеро, ки метавон дар он тести коронавирус супурд, пешкаш мекунад.

Ҳангоми надоштани беморӣ ба истифодабарандагон QR-рамзи сабз равон карда мешавад, ки вақти расидан ба Россия бояд онро нишон диҳанд.

Замимаи мобилии «Путешествую без COVID-19» – ро ба телефон дар Google Play зеркашӣ кардан мумкин аст.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com