Categories
Хабарҳо

Зиёда аз 1 миллион муҳоҷир ҳангоми пандемия будубоши худро дар Русия қонунӣ намуданд

Поделиться

Аз 1 октябр кормандони полиси Русия метавонанд бар зидди шаҳрвандони хориҷие, ки ҳузури худро қонунӣ накардаанд, то аз кишвар хориҷ кардани онҳо чораҳо андешанд. Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, рӯзи чаҳоршанбе инро ба ёд овард. Ба гуфтаи вай, барои категорияи шаҳрвандони хориҷӣ, ки пас аз 30 сентябр дар мақоми ғайриқонунӣ қарор мегиранд, меъёрҳои қонуни федералии 115 татбиқ карда мешаванд, ки ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имкон медиҳад то хориҷ кардан аз қаламрави Русия чора андешанд.

Бино ба маълумоти Раёсати муҳоҷирати ВКД, ҳоло дар Русия тақрибан 7 миллион муҳоҷир ко рва фаъолият мебаранд. “Дар байни онҳо шахсони ҳузури худро дар Русия қонунӣ кардагӣ ҳастанд, лек шумораи ғайриқонунӣ низ вуҷуд доранд.” гуфт Казакова.

Ҳамин тариқ, зиёда аз 1 миллион муҳоҷире, ки ҳангоми пандемия дар Русия монданд, аллакай мақоми ҳуқуқии худро ҳал кардаанд. “Барои ин тоифаи шахсон, ки мӯҳлати иҷозатномаашон аз давраи 15 марти соли 2020 то 30 сентябри соли 2021 эътибор дошт, то 30 декабри соли 2021 тамдид карда мешаванд. Ҳамаи он шаҳрвандони хориҷие, ки ба назди мо омада, ба феҳристи муҳоҷират ворид шуданд ва ин тақрибан зиёда аз 1 миллион нафар аст, барои онҳо низ ин ҳам ҳалли мушкилот ва ҳузури беманоият хоҳад буд ” – шарҳ дод сардори Сарраёсати ВКД.

Манбаъ: rg.ru